“Нигоҳи нав” бахшида ба 100 солагии Мушррафа Қосимова

Шашумин Ҷашнвораи байналмилалии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” имсол аз 16 то 20 май бахшида ба 100 солагии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова баргузор мегардад.

Далери Имомалӣ масъули «Нигоҳи нав» мегӯяд, ки Мушаррафа Қосимова аз маъруфтарин ҳунармандни театру кинои кишвар буда, соли 2018 100 сола мешавад. Бахшидани фестивал дар арафаи 100 солагии Мушаррафа Қосимова рамзист ва оғози ҷашнгирии солгарди ин ҳунарпешаи маъруф аст.

Ҳамчунин ӯ мегӯяд, ки солҳои қаблӣ дар масъалаи пайдо кардани  сарпараст мушкилӣ доштанд ва ҳатто таҳдиди баргузор нашудани фестивал низ буд. ва имкон буд, ки ҷашнвора баргузор нагардад.

Аммо дар лаҳзаҳои охир  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии кишвар ба ин ҷавонон ваъдаи кӯмак додаанд: “Ҷойи хоби иштирокчиёнро бояд таъмин кунанд. Мо имсол 34 меҳмони хориҷӣ- иштирокдорон ва доварон дорем. Махсус дар соли ҷавонон ва ҳафтаи ҷавонон умед дорам ки дастгирӣ мекунанд”.

Ҳамчунин ба иттилоъи ӯ “Сомон эйр” низ барои ҳамлу нақли меҳмонон ва  “Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” низ ба онҳо дасти кӯмак дароз кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *