29 миллиард доллари Маскро Twitter чӣ гуна фурӯ бурд?!

Тибқи маълумоти ҳисобкунаки Forbes Real-Time, муассиси SpaceX ва Tesla Илон Маск дар рӯзи аввал пас аз мувофиқа кардани ӯ бо «Твиттер» барои харидани шабакаи иҷтимоӣ 29 миллиард доллар коҳиш дид.

Сабаби талафоти гарон поин рафтани арзиши саҳмияҳои Tesla буд. Дар натиҷаи муомилоти рӯзи сешанбе коғазҳои қиматноки ширкат беш аз 12% коҳиш ёфт. Ин қавитарин коҳиши ҳаррӯза аз моҳи феврали соли 2020 ба ин ҷониб аст.

Маск рӯзи 4-уми апрел гуфт, ки соҳиби 9,2% саҳмияҳои Twitter аст ва 14-уми апрел ӯ гуфт, ки омода аст ҳама 100% саҳмияҳои Twitter-ро бо нархи 54,2 доллар харидорӣ кунад. Twitter ҳамон рӯз ваъда дод, ки пешниҳоди Маскро баррасӣ мекунад.

Пас аз чанд соат, шоҳзодаи Саудӣ Алвалид бин Талол, ки дорои саҳмияҳои ин хадамот аст, пешниҳоди Маскро рад кард ва онро бо арзиши аслии ширкат созгор нандонист.

Рӯзи 15-уми апрел Шӯрои директорони Twitter нақшаи ҳифзи саҳҳомонро (ба истилоҳ “ҳабҳои заҳролуд”) тасвиб кард, ки бояд аз тасарруфи номатлуби Маск дар ширкат пешгирӣ кунад.

Нақша мебоист то 14-уми апрели соли 2023 амалӣ мегашт. Баъдтар расонаҳо навиштанд, ки Маск роҳҳои маблағгузории хариди Twitter-ро меҷӯяд ва ният дорад 10-15 миллиард доллари худро сармоягузорӣ кунад. Маск қайд кард, ки ӯ омода аст барои хариди Twitter 46,5 миллиард доллар пардохт намуда, мехоҳад фавран музокиротро барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ оғоз кунад.

Дар охири моҳи апрел ширкат эълон кард, ки Маск ин шабакаи иҷтимоиро ба маблағи 44 миллиард доллар харидорӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *