Агар ҳабс шавӣ, аз пардохти қарз озод мешавӣ?

Ё қазияи қарздории левакантиҳо

Сафи қарздорон аз андоз меафзояд. Пур шудани буҷа асосан аз ҳисоби андоз сурат мегирад. Баъзе корхонаҳое аз пардохти он гурез мекунанд, корхонаҳое низ ҳастанд, ки тавони пардохтро надоранд. Шояд тоифаҳои дигар низ бошанд. Он тадқиқ мехоҳад.

Дар бисёре аз кишварҳои дунё даҳсолаҳо хадамоти андоз ба ҷониби корхонаҳо давр намезанад, онҳо ба тариқи электронӣ пули андозро месупоранд. Аммо дар Тоҷикистон қазия дигар аст. Албатта, ин бесабаб нест, тадқиқ мехоҳад. Чун баста шудани корхонаҳо, аз ҷумҳурӣ рафтани соҳибкорон. Аммо пули андозро бояд супорид. Ин қарзи ҳар корхона ва соҳибкор аст.

Дар акси ҳол аз куҷо маоши духтурон, омӯзгорон, коргарони давлатӣ, нафақахӯрон пардохт мешавад. Мутаассифона, корхонаҳое ҳастанд, ки аз пардохти андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озоданд. Pressa.tj тасмим дорад ин қазияро низ пайгирӣ кунад.

Ҳоло ба иттилои Шералӣ Бекмирзоев, мутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андози шаҳри Левакант нигаред. Ин як шаҳри хурдакак аз ҳисоби андоз 31 миллиону 402 ҳазор сомонӣ қарздор аст. “Қарзи андози ташкилоту идораҳои шаҳр 28 миллиону 939 ҳазор сомонӣ мушкилситон мебошад”,- менигорад ҳафтаномаи «Фараж». Аммо чаро мушкилситон шарҳ дода намешавад.


Аз якуми апрели соли равон дар шаҳр бақияи қарзи андоз 2 миллиону 463 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисибат ба аввали сол 130 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Ҳамчунин, тибқи хабари ӯ “Аслан қарз аз ҳисоби корхонаҳое мебошад, ки амволашон дар шаҳр мебошаду худашон тамоман фаъолият надоранд.

Масалан:
ҶДММ “Хишти Беҳзод”,
ҶДММ “Хонасоз”,
ҶДММ “Ховар”,
ҶДДМ“Раҳмат” …


Шералӣ Бекмирзоев меафзояд, ки барои баргардондани қарзҳо мақомот тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ ба ҳукумтаи шаҳри Левакант ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст, аммо бо сабаби фаъолият накардани корхонаҳо ва ё дар маҳбас будани соҳибмулоконашон наметавонем маблағи қарзро баргардонид.
Дар шаҳри Левакант қарзҳои мушкилситон 28 миллиону 939 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, ки аз он 15 миллионаш фоизи қарзҳост,-гуфт номбурда.

Аз ин ҳисоб:
ҶСП “Тоҷиказот” беш аз 7 миллиону 300 ҳазор сомонӣ,
“Ховар” 3 миллиону 890
ҳазор ва ба ин монанд
КИ “Гулистон”
“Дилшоди Афғон”
мебошанд,- афзуд Нозироти андози шаҳри Левакант.

Шояд баъзеҳо ба маҳбас рафтанд ва ба ин васила дигар метавонанд қарзашонро пардохт намекунанд?
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон дар Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *