Сири дуздии тоҷикбача фош шуд
Як ҷавони 23-солаи тоҷикро дар шаҳри Уляновски Русия бо иттиҳоми кисабурӣ дастгир кардаанд. Ин ҷавон ҷабрдидаҳоро ҳамчун дӯсти қадимаашон сахт ба оғӯш мекашид ва то онҳо хабар мешуданд, ки ин кӣ бошад?, кисаҳояшонро холӣ мекард.
Пулиси шаҳри Уляновск дар бораи боздошти як дузди кисабури хеле моҳиру айёр дар ҳудуди ноҳияи Ленини ин шаҳр хабар дод. Ин дузд маъмулан мардони ширакайфро дар даромадгоҳи майхонаҳо ҳадаф қарор дода, дар байни ҳамагӣ чанд сония нафақат тамоми кисаҳои ҷабрдидаҳоро холӣ мекард, балки тиловориҳои онҳоро низ ба яғмо мебурдааст.
Ин дузди касбӣ, ки як ҷавони 23-сола аз Тоҷикистон будааст, аз як усули ғайриоддии кисабурӣ истифода мебурд. Ин усул ба андозае барои ҷабрдида ногаҳонӣ ва фавқулодда буд, ки ҷабрдидаҳо танҳо баъди фирори кисабур огоҳ мешуданд, ки пулу молашонро дузд задааст.
Олга Богатова, сухангӯи раёсати корҳои дохилии шаҳри Уляновск рӯзи 13 май ба хабарнигорон гуфт, бори аввал дар бораи ин дузди моҳир ба пулис як сокини 30-солаи шаҳри Уляновск ҳанӯз дар миёнаи моҳи соли 2015 хабар дода буд: «Ин мард гуфт, вақте аз як қаҳвахона дар кӯчаи Федератсия берун мерафт, як ҷавон ӯро бо хушнудӣ ба оғӯш гирифт ва бо як номи дигар садо мекард. Ин мард худро бо азобе аз оғӯши он ҷавон халос карда, фаҳмондааст, ки ӯ хато мекунад ва номи вай дар асл дигар аст. Ҷавони ношинос узри зиёде пурсида, зуд ғайб задааст. Баъди чанде ин мард мебинад, ки ҳамён ва телефони мобилашро дуздидаанд.”
Баъдан пулис аз ҳамон кӯчаи Федератся ва тангкӯчаи Молочний, ки чандин майхона доранд, дар бораи боз 13 чунин дуздӣ шикоят гирифтааст. Ҳамаи ҷабрдидаҳо айни чизро нақл мекарданд: Як марди ҷавони ношинос онҳоро мисли ошнои қадима сахт ба оғӯш мекашид ва сипас барои иштибоҳ карданаш узр хоста, зуд ғайб мезад. Баъди ин оғӯши «дӯст”, ё аниқтараш оғӯши дузд ҷабрдидаҳо медиданд, ки телефонҳо, ҳамёнҳо, тиловорӣ ва ҳатто соати дасташон гум шудааст. Ӯ чунон дузди бомаҳорат буд, ки гоҳо ҳатто занҷирҳои тилоиро дар байни ин чанд сония аз гардани ҷабрдидаҳо ноаён гирифта, ба ҷайби худ мезад.
Олга Богатова мегӯяд, «ҷабри ин «оғӯши дузд”-ро ҳатто як шаҳрванди Ҷопон низ кашидааст. Ин ҷопонӣ, ки дар як ширкати бузург дар Уляновск кор мекард, 31 октябри соли 2016, вақте аз як қаҳвахона дар тангкӯчаи Молочний берун мешуд, ба ин ҷавон дучор шудааст. Ҷавони ношинос ӯро мисли як дӯсти қадимааш ба оғӯш кашид ва вақте ҷопонӣ ба ӯ фаҳмонд, ки хато мекунад, узр хосту ба роҳаш рафт. Танҳо баъди се рӯз марди ҷопонӣ фаҳмид, ки ин оғӯши дӯстона аломати меҳмоннавозӣ не, балки кори дасти як дӯсти моҳир будааст, ки дар байни чанд сонияи оғӯшкашиаш кисаҳои ӯро рӯфтааст.”
Сухангӯи пулиси Уляновск гуфт, ки ин кисабури моҳирро танҳо дар ибтидои моҳи майи соли 2017 тавонистанд дастгир кунанд.
Вале тафтиши парвандаи вай боз ба як мониаи дигаре, ки ин кисабур моҳирона сохтааст, рӯбарӯ шудааст. Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ аз гуфтани ному насаби худ даст кашида, гуфтааст, ки ягон навъ баёнот нахоҳад дод.
Пулис барои онки ин парвандаро таҳқиқ кунад ва ин дуздро ба ҷавобгарӣ бикашонад, бояд пеш аз ҳама шахсияти вайро маълум кунад. Коре ки иҷрояш сахт мушкил ба назар мерасад.
Ин ҷавони тоҷик дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурд, дар ягонҷо сабти ном надошт ва маълум нест, ки кай ва таҳти чӣ номе вориди Русия шудааст.
Ӯ дар шаҳри Уляновск зану фарзанд ҳам доштааст. Вале ҳамсари вайй низ як маълумоти равшане дар бораи ному насаби аслии ин ҷавон дода натавонист, чунки онҳо ақди никоҳ надоштанд ва ин зан боре ҳам шиносномаи шавҳарашро надидааст. Ҳамсари ин ҷавон ҳатто намедонист, ки ӯ дар куҷо кор мекард ва ин пулҳоеро, ки ба хона меорад, аз куҷоянд?
Тафтишот мутмаин аст, ки ин ҷавон нафақат дар 13 мавриди сабтшудаи кисабурӣ, балки боз дар дастикам 10 чунин мавриди дигар даст дорад. Ӯ пулҳои дуздидаашро пеши худ нигоҳ дошта, телефону тиловориву соатҳоеро, ки медуздид, тавассути нафарони сеюм, ки ба хариду фурӯши ашёи дуздӣ машғуланд, ба фурӯш мезадааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ