Муноқиша бо ҳамсоя сартарошро кушт

Як сартароши маъруф бо номи Сайвалӣ дар шаҳри Кӯлоб худро ба дор овехт.

Мақомоти вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки танҳо тафтишот маълум хоҳад кард, ки сабаби даст ба худкушӣ задани ин сокини 47-солаи Кӯлоб, чӣ будааст. Наздикони Сайвалӣ Бозоров гуфтаанд, ки ӯ дар пайи муноқиша бо яке аз ҳамсояҳояшн дар хусуси қитъаи замин, шоми рӯзи якшанбеи 14 май худро ба дор овехтааст. Ҳоло аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби худкушии “Сайвалӣ сартарош” мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Сайвалӣ Бозоров тайи солҳои ахир дар бозори марказии шаҳри Кулоб бо сартарошӣ машғул будааст. Вай бо ин машғулияти худ дар шаҳри Кулоб мавриди эҳтироми мардум қарор доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *