Сироҷиддин Аслов бо Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ вохӯрд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ мулоқот каррд.

Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии ду вазир 13 май дар шаҳри Давҳа баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатарро дар арсаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба роҳҳо ва механизмҳои татбиқи тавофуқоте, ки миёни роҳбарияти олии ду кишвар дар ҷараёни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қатар дар соли ҷорӣ ҳосил шуда буд, табодули назар карданд. Инчунин дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки 14 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии Давҳа  ширкат  намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *