Бункери пинҳонии Ниёзбадалов ёфт шуд

Рӯзи 16 май дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) дар ҷараёни кофтукоби манзили волидони Фирдавс Ниёзбадалов, муфаттиши собиқи Агентии мубориза бо коррупсия, як бункери бузургро ошкор карда, аз дохили он чанд халта пулу тило ва сангҳои қиматбаҳо ва 6 мошини «Ҷип” баровардаанд.

Тавре,ки сомонаи «Ахбор» иттилоъ медиҳад, рӯзи 16 май кофтукоби манзили бузурги волидони Фирдавс Ниёзбадалов, муфаттиши собиқи раёсати тафтишоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо як натиҷаи сенсатсионӣ — кашфи як бункери азим дар зери ин ҳавлӣ ва пайдо кардани пулу мол ва мошинҳои зиёд аз ин бункери зеризаминӣ анҷом ёфт.Абдуғаффор Ниёзбадалов, собиқ муовини додситони вилояти Суғд ва падари Фирдавс Ниёзбадалов дар кӯчаи Айнии шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск), дар рӯбарӯи фурудгоҳи Хуҷанд 8 ҳавлиро якҷоя карда, як хонаи мӯҳташами муҷаҳҳаз бо камераҳои назоратӣ, гаражи зеризаминӣ, таҷҳизоти дигари фаннӣ ва ҳатто як бункер сохта буд ва ҳамроҳи ҳамсараш дар инҷо зиндагӣ мекард.Рӯзи 16 май кормандони раёсати амнияти вилояти Суғд барои кофтукоби ин манзил омаданд.Шоҳидон мегӯянд, «Абдуғаффор Ниёзбадалов худаш ихтиёран ба кормандони амниятӣ дари даромадгоҳи бункер ва пулу тило ва дигар ашёи қиматбаҳои дар онҷо пинҳонкардаро нишон дод, вагарна он чунон махфӣ сохта шуда буд, ки барои як одами бехабар пайдо кардани ин бункер имкон надошт.”Ба гуфтаи шоҳидони зиёде, ки барои тамошо дар назди ҳавлии Ниёзбадаловҳо ҷамъ шуда буданд, кормандони амният дар пайи кофтукоб аз гаражи зеризаминии ҳавлии Ниёзбадаловҳо, чанд халта доллар, тило ва сангҳои қиматбаҳо ва 6 мошини «Ҷип”-ро берун бароварда, бурдаанд.Шоҳидон мегӯянд, модари Фирдавс Ниёзбадалов бо маъмурони амниятӣ дар ҷараёни кофтукоб ва хусусан баъди пайдо кардани ин пулу моли зиёд хеле ҷанҷол бардоштааст: «Ҳатто бо кормандони амниятӣ дастбагиребон шуд ва вақте халта-халта пулу тилоро аз таҳхона мебароварданд, таҳдид кард, ки худро оташ мезанад. Азбаски ӯ доду ффарёди зиёд бардошт, кормандони амният дигар пулҳоро дар онҷо нашумурда, дар ҳузури шоҳидон ҳама пулу тило ва сангҳои қиматбаҳои ёфтаашонро дар халтаҳо бор карда, мӯҳр заданд. ”Модари Фирдавс Ниёзбадалов даъво кардааст, ки ин пулу моли писараш нест, пасандози худи онҳост. Вале кормандони амниятӣ ба ӯ гуфтаанд, ки шумо нотариуси давлатӣ будед, чӣ қадар маош мегирифтед, ки ин қадар пулу мол ҷамъ кардаед?Шоҳидон мегӯянд, аҳволи модари Фирдавс Ниёзбадалов дар анҷоми ин кофтукоб бад шуд ва ӯро мошини «Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карда, ба бемористон бурданд.Аз ин қабл дар бораи кофтукоби манзили Алишер Ниёзбадалов, бародари Фирдавс Ниёзбадалов, ки дар додситонии шаҳри Хуҷанд ба ҳайси муфаттиш кор мекунад, гузориш шуда буд. Гуфта мешуд, ки аз манзили ӯ ҳам пулу моли зиёд ёфт шуд. Алишер Ниёзбадалов аёнот додааст, ки ин пулу моле, ки дар хонаи вай нигоҳ дошта мешуд, дар асл ба Фирдавс Ниёзбадалов тааллуқ дорад.Фирдавс Ниёзбадалов яке аз он мансабдорони Агентии мубориза бо коррупсия аст, ки рӯзи 20 апрел аз кор дар ин идора барканор шуда, ба дунбол боздошт шуданд. Ниёзбадаловро дар ин байн як муддат ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд, вале ҳафтаи гузашта дар бораи боздошти дубораи ӯ гузориш шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *