Дастгиршавии наҷъаҷаллоби тоҷик дар Русия

Соқимаҳмад Халифаев  шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро, ки таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дорад, мақомоти Русия ба ватан истирдод мекунанд.

Бино ба маълумоти матбуоти Додситонии вилояти Челябинск, мақомоти Тоҷикистон номбурдаро дар харидуфурӯши маводи мухаддир муттаҳам медонанд. Гуфта мешавад, ӯ ва ҳамроҳонаш соли 2015 ба ин амал даст задаанд.

Халифаев моҳи сентябри соли сипаришуда дар ноҳияи Троитски вилояти Челябинск замоне боздошт шуд, ки қасд дошт ба Қазоқистон бигузарад.

Муовини додситони кулли Русия қарор кардааст, ки Халифаев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таслим шавад: “Ояндаи наздик ӯ ба Тоҷикистон истирдод мешавад ва онҷо ӯро маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 12 сол интизор аст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *