3 ба 3 дар марз иваз шуданд

Тоҷикистону Қирғизистон 6 шаҳрванди дар марз боздоштшударо озод кардаанд

Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара, бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки дар натиҷаи гуфтушуниди мақомоти ду кишвар дар Оқсой “се шаҳрванди Тоҷикистон ва се шаҳрванди Қирғизистон раҳо карда шуданд”.

Бино ба иттилои манбаъ, боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби марзбонони кишвари ҳамсоя субҳи 17 май аснои сафар ба самти Исфара дар Ворух сурат гирифтааст.

Дар пайи ин ҳолат се шаҳрванди Қирғизистон барои гузаштани ғайриқонунии марз аз сӯи марзбонони тоҷик боздошт гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *