Боз кордзанӣ ва боз писарони Гул Шералӣ…

Алишер Гулов субҳи 17-уми май дар вилояти Суғд боздошт шудааст, вале ҳанӯз аз Диловар Гулов хабаре нест.

Милитсия дар Тоҷикистон як писари Гул Шералӣ, вазири собиқи энергетикаро бо гумони ширкат дар як муноқиша дастгир карда, дигареро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст
Алишер Гулов ва Диловар Гулов, писарони Гул Шералӣ, ба он гумонбар мешаванд, ки шоми 16-уми май дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и шаҳри Душанбе дар як занозанӣ ширкат доштаанд. Дар ин муноқиша ба як нафар бо корд ҳамла шуда, ӯ шадидан захмӣ аст.
Пас аз ин ҳодиса бародарон Гуловҳо аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Алишер Гулов субҳи 17-уми май дар вилояти Суғд боздошт шудааст, вале ҳанӯз аз Диловар Гулов хабаре нест.
Дақиқ нест, ки кадоме аз ин бародарон бо корд ҳамла кардаанд.
Алишер Гулови 24-сола чанд сол дар ВКД кор кардааст, вале баъдан ӯро аз ин ниҳод ронда будаанд. «Баъд аз муноқиша бо мақсади қасдан расондани зарар ба узвҳои ҳаётан муҳими шаҳрванд бо корд зарари вазнин расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар беморхонаи Қарияи Боло зери назорати табибон карор дошта, саломатиаш вазнин аст», хбар додаанд расонаҳо
Дар Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ рух додани ҳодисаро тасдиқ карданд. Навбатдори шуъба гуфт, барои таҳқиқ ва боздошти гумонбарон як гуруҳ сафарбар шудааст.
Ҳодисаро покуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳқиқ мекунад.
Номи писарони Гул Шералӣ, ки ҳоло бознишаста аст, борҳо бо чунин ҳодисаҳо дар расонаҳо пайдо шудааст.
Диловар Гулов моҳи октябри соли 2018 бо иттиҳоми латукӯби Дилшод Назруллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, боздошт ва ба як сол зиндон маҳкум шуда буд.
Гул Шералӣ он замон гуфта будааст,ки «мумкин аст, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус корҳои дохилӣ, ягон «шикоре» аз пушти фарзандони мо аст.»
Аз он пеш, моҳи октябри соли 2017, номи Диловар Гулов дар робита ба як занозанӣ дар ҳузури ситораҳои эстрада ва латукӯби овозхон Остони Азиз дар тарабхонаи «Сим-Сим» расонаӣ гардида буд. Моҳи марти соли 2017 ӯро бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи «Галакси»-и шаҳри Душанбе боздошт ва барои панҷ рӯз ҳабс карданд.

Гул Шералӣ
Гул Шералӣ (Шералӣ Гулов) соли 2001 раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ таъин шуда, то соли 2006 дар ин вазифа кор кардааст. Аз соли 2006 то соли 2013 вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд.
Дар гузашта ба ҳайси раиси ноҳияи Данғара низ кор кардааст. Ҳоло нафқахӯр аст.
Озодӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *