3 навбат номзад ба мақоми Президент, раиси ҲСТ мавлуд дорад

Имрӯз, 24-уми декабр Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва ҳамзамон вакили парлумон ба синни 70 расид.

Абдуҳалим Ғаффорзода се навбат номзад ба мақоми Президенти Тоҷикистон дар солҳои 2006, 2013 ва 2020 мебошад.

Ӯ факултети таъриху филологияи Институти педагогии Тоҷикистон ба номи Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ)-ро хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз вазифаи лаборанти калони шӯъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 1975-1982 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба ҳайси мудири кабинет, ассистенти кафедра фаъолият намудааст. Солҳои 1982-1986 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият дошт.

Солҳои 1986-2002 дар кафедраи педогогика ва психологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар вазифаҳои омӯзгори калон, дотсент фаъолият кардааст. Солҳои 2002-2004 муовини аввали ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, 2004-2006 — мутахассиси пешбари шӯъбаи забони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон чанд сол директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Соли 2004 раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Соли 1997 рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Асарҳояш: «Асосҳои педагогика».- Душанбе, 1994 (бо ҳаммуаллифон), «Зан аз нигоҳи сиёсати гендерӣ».- Душанбе, 2006.

Бо медалҳои «Барои шуҷоат», «5, 10, 15-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «130-солагии Сталин», « 20 лет вывода советских войск из Афганистана», «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Ду сол пеш зимни пурсиши ҳафтаномаи “Тоҷикистон” хонандагон ӯро “Вакили сол-2019” ном бурда буданд. Вақте аз респондентҳо, ки дар миёнашон аъзои парлумон ҳам буданд, суол дода мешуд, ки чаро маҳз Ғаффоровро вакили сол медонанд, онҳо асоснок мекарданд, ки «парлумони кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ хеле хомӯш аст ва бештари санадҳо бидуни баҳсу муҳокимарониҳо қабул мешаванд. Аммо гоҳ-гоҳе Абдуҳалим Ғаффоров пинаки баъзе аз вакилон ва мансабдорони хоболудро мепарронд ва мавқеи худро ошкоро нишон медод. Сухани ӯ дар баъзе маврид ба инобат ҳам гирифта мешуд. Зеро Абдуҳалим Ғаффоров аз вакилони куҳансоли парлумон маҳсуб меёбад ва нисбаташ эҳтиром мегузоранд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *