Боздошти ҷавоне, ки мошинҳоро шикаставу ғорат мекард

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷавони 21-солаи тоҷикро ҳамчун гумонбар барои содир намудани беш аз 40 амалҳои дуздӣ, асосан бо роҳи шикастани оинаи автомашинаи шаҳрвандон дастгир намуд.

Тибқи иттилои манбаъ дастгиршуда Каримов Умед Файзалиевич соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский буда, қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудаву боз такроран даст ба содир намудани силсила ҷиноятҳои дуздӣ задааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда асосан шабона бо роҳи шикастани шишаҳои паҳлуи автомашинаҳо ҳадафу мақсадҳои нопоки худро амалӣ намуда, маблағҳои пулӣ ва дигар ашёи арзишмандро аз дохили автомашинаҳо тасарруф ва аз они худ мекардааст. Аз ҷумла, гумонбаршаванда дар як шаб танҳо дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Сино шишаи паҳлуи дари 8-автомашинаро шикаста, баъди рабудани ашёи арзишманд ба соҳибмулкони автомашинаҳо зарари молӣ расонидааст.

Айни замон, Каримов Умед дар содир намудани зиёда аз 40-ҳолати ҷинояти дуздии ҳаммонанд гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандону соҳибмулкони автомашинаҳо аз 1000 (ҳазор) то 10-ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонидаааст.

Нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ  дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ҳамзамон, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *