Машваратҳо вобаста ба мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав

Бар асоси Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия барои соли 2021 дар шаҳри Москва байни мақомоти корҳои хориҷии ду кишвар машваратҳо роҷеъ ба мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав баргузор гардиданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳайатҳои тарафҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Россия Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд.

— Зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар самти амният ва муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба муфассал муҳокима намуданд. Гузашта аз ин, перомуни масъалаи амнияти минтақавӣ бо дарназардошти вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи амиқи афкор сурат гирифт,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *