3-талоқу ду марг
Зулайхои 22 сола дар деҳаи Гарадоки н.Ҳисор қасд ба ҷони худ намуда, худро аз байн бурд.
Тавре ба хабарнигори «Tajikistantimes.com» модари марҳум Ҷонбибӣ гуфт:
Духтарамро чанд муддат пеш аз сабаби ҷангу ҷанҷоли хонаводагӣ шавҳараш талоқ дода, бо кӯчу бандаш ба хонаи мо оварда партофт. Зулайхоям сабаби ҷудоияшонро ба мо шарҳ надод, чунки дардаш бузург буду бо касе гап задан намехост. Мо низ барои асабҳояшро ноором нагардонидан ба духтарамон суоле намедодем. Дар деҳа туй буд ва ҳамроҳи ҳамсояҳо дар туйхона будам. Вақте келинам ба туйхона омаду маро аз ин қазия огоҳ кард, ҷонам аз танам қариб баромад. То хона духтарам гуфта давида омадам, вале духтари дар зиндаги ҷафодидаам алакай худашро дар боғи ҳамсоя ба дор овехатааст. Духтарам ҳомиладор буд ва шавҳари ноинсофаш хотири фарзандаш накарда, духтарамро талоқ доду бечора тобу тоқати ин зарбаи тақдирро накарда, қасд ба ҷони худ намуд. Мо ба ташхиси тибӣ ҷисми зулайхоро бурдем, ба додгоҳ муроҷиат намудем вале то ҳол чорае аз руи он номарди бехудо ҷуста нашудааст гуфт модари Зулайхо Чонбибӣ.
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ