Хизматчиёни давлатӣ минбаъд танҳо бо иҷозати кӣ ба хориҷи кишвар мераванд ?

Барои сафар ба хориҷи кишвар, минбаъд хизматчиёни давлатӣ, мансабдорон, намояндагони мақомоти қудратӣ, дипломатҳо, ҳарбиён, олимон, табибон, журналистон ва намояндагони сохторҳои дигари давлатӣ бояд иҷозатномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро ба даст оварда бошанд.

Ин тасмим  бар асоси як дастури раҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дастури мазкур ба роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ирсол шуда, аз онҳо тақозо шудааст, ки сафари кормандонашонро ба хориҷи мамлакат ба дастури мазкур мувофиқа кунанд.

Барои сафари хизматчиёни давлатӣ бояд 5 рӯз пеш аз сафар ба хориҷи мамлакат ба Дастгоҳи иҷроия ба таври хаттӣ муроҷиат карда, танҳо баъд аз дарёфти имзои иҷозатдиҳандаи хуруҷ аз қаламрави кишвар тараддуди сафар кунанд.

Қаблан, то ин дастур, хизматчиёни давлатӣ, ки бо сафари хидматӣ қаламрави кишварро тарк мекарданд, бояд ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷиистон муроҷиат мекарданд ва танҳо дар бораи сафарашон ба хориҷи мамлакат Раёсати консулии ВКХ-ро огоҳ мекарданд.

Аммо акнун ин талабот лағв шуда, хизматчиёни давлатиро мебояд иҷозати сафарро танҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дастрас кунанд. Дар ҳолати дарёфт накардани имзои иҷозатдиҳандаи сафар ба хориҷи мамлакат хизматчиёни давлатӣ, аз он ҷумла мансабдорони тоҷик наметавонанд қаламрави кишварро тарк кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *