30 сентябр Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст

Имрӯз, 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) аст.

Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар асоси  фармони Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июни соли 2009 таҷлил карда мешавад.

 Дар фармон омадааст: «Бо дарназардошти хизматҳои таърихии фарзанди барҷастаи халқи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар рушди адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистону ҷаҳон, муколамаи тамаддунҳо ва ташаккули худшиносии миллӣ, инчунин аҳамияти мероси ӯ барои тарбияи насли ҷавон фармон медиҳам, ки рӯзи таваллуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр ҷашн гирифта шавад».

Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо номи Румӣ ё Мавлоно маъруф аст, шоири барҷастаи суфии тоҷику форс аст, ки асарҳои олиҷаноби шеъри шарқиро асосан бо забони тоҷикӣ-форсӣ офаридааст.

Ӯро Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхӣ аз номи Шаҳри Балх, ки дар он ҷо таваллуд шудааст, меномиданд.

Номбурда 30 сентябри соли 1207 дар шаҳраки Вахш (ҳозираи Тоҷикистон) дар қаламравҳои шимолии Балх, ки он вақт минтақаи калони музофоти Хуросон буд, дар оилаи олими маъруф, диншинос-ҳуқуқшинос ва мавъизагар-суфӣ — Муҳаммад Бин Ҳусайн ал-Хатиби ал-Балхӣ, ки бо номи Баҳовуддин Валад (1148-1231) маъруф аст, таваллуд шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *