Карим Замонӣ: Мавлоно аз Вахш аст

Карим Замонӣ, мавлоношиноси маъруф, муаллифи  “Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ”, “Шарҳи комили “Фиҳӣ мо фиҳӣ”, “Шарҳи “Девони Шамс”, китобҳои “Бар лаби дарёи “Маснавии Маънавӣ” ва “Миногари ишқ” меҳмони Тоҷикистон буд. Ҳамчунин ӯ аз ноҳияи Вахш, зодгоҳи мавлавӣ, ки маъруф бо номи Ҷалолиддини Румист, дидан кард.

Ҷустуҷӯйи зодгоҳи Мавлоно

— Оқои Карим Замонӣ, чӣ бардоште аз сафари Тоҷикистон доред?

— Ман ин сафарро сафари ишқ номидам. Зеро солҳо дар қалбам орзуи дидани зодгоҳи Мавлоноро мепарваридам. Ҷаноби Низомиддин Зоҳидӣ — Сафири муҳтарами Тоҷикистон дар Эрон ба мо муҳаббат карду визо дод ва мо бо ҳамсарам хонум Шукуҳсодот Хонсоринажод, ки низ шефтаи Мавлоност, ба Тоҷикистон омадем. Вақте ба Вахш расидам, гӯё аз замину замон канда шудам. Он ҷо хонаҳои намодиро ҳам мувофиқ ба замони зиндагии Мавлоно сохтаанд, ки фазои он рӯзгоронро таҷассум мекунад. Ман комилан худро дар замони кӯдакиҳои Мавлоно тасаввур кардам. Хеле ин сафар барои ман хотирмон буд. Ҳамчунин, ба зиёрати Оромгоҳи Устод Рӯдакӣ низ шарафёб шудам.

— Шумо ноҳияи Вахшро зодгоҳи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ арзёбӣ мекунед, ҳол он ки, дар аксари манбаъҳо гуфта мешавад, ки Балх макони таваллуди ӯст.

— Бале, банда дар заминаи мутолиоту таҳқиқот ба чунин натиҷа расидам. Албатта, пеш аз ман низ бузургоне ба ин ишора кардаанд. Дар манобеъи таърихӣ — тазкираву маноқибҳо навишта шудааст, ки Мавлоно дар Балх зода шудааст. Ин ба он далел аст, ки ҷуғрофиёи Балх он замон васеъ ва Вахш низ ҷузъе аз он сарзамин буд. Дар тазкираҳо номи куллии Балхро овардаанд, дигар вориди ҷузъиёт нашудаанд.

— Пас, шумо дар кадом асос ба хулоса омадед, ки Мавлоно маҳз дар Вахш таваллуд шудааст?

— Ман вақте “Маъориф”-и ҳазрати Султон-ул-уламо — падари Ҷалолуддини Балхиро мутолиа мекардам, ба ин далел вохӯрдам. Эшон сареҳан менависанд, ки ман алъон дар Вахш ҳастам ва гилоя аз он мекунанд, ки мухотабонашон маҳдуд аст ва орзу мекунанд, ки эй кош дар Бағдод ё Самарқанд мебудам, ки мухотабони бештаре медоштам…

Корвоне, ки Мавлоноро мебурд…

— Яъне хонаводаи Мавлоно қабл аз ҳамлаи муғул қасди тарки Балхро доштанд?

— Дар бисёре аз навиштаҳо мегӯянд, ки падари Мавлоно Султон-ул-уламо пас аз ҳамлаи муғул Балхро тарк кард. Дар ҳоле, ки он ҳазрат ҳанӯз дар соли 600-и ҳиҷрӣ мегӯяд, ки мехоҳам аз ин фазои баста биравам. Яъне ҳиҷрати ӯ ангезаи фарҳангӣ дошт. Вақте ӯ Балхро тарк мекард, аз таҳдиди ҳамлаи муғул ҳатто суҳбат дар миён набуд. Дар маноқибҳо менависанд, ки 300 шутур бори ин қофиларо мекашонид. Албатта, ин ҷо каме муболиға аст. Ваҷҳи муболиғаашро ҳазф мекунему мегӯем 200 шутур, 200 на, 100 шутур. Ҳаракати корвоне иборат аз 100 шутур бо бору ҳамроҳон, ки миёнашон кӯдак, зан, солхӯрда ва беморон ҳастанд, бисёр сангин аст. Агар ҳиҷрати Султон-ул-уламо дар замони ҳамлаи муғул мебуд, барои лашкар душвор набуд, ки ин қофиларо боздорад ва тороҷ кунад. Ҳол он ки, аз манобеъи таърихӣ бармеояд, ки дар он даврон байни Хоразмшоҳ ва Чингизхон сулҳу салоҳ буд. Бинобар ин, метавон бо боварӣ гуфт, ки ҳиҷрати Султон-ул-уламо ба ҳамлаи муғул рабте надошт. Он замон дар Балх ҷараёнҳое буданд, ки фазоро барои Султон-ул-уламо танг карда буданд. Яке аз онҳо машраби каломии Имом Фахри Розӣ буд, ки ба тасаввуф назари нек надошт…

— Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ — муаллифи китоби «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» менависад, ки Мавлоно муддате дар Самарқанд иқомат дошт. Ба ин далел чӣ назар доред?

— Бале, дуруст аст. Мавлоно Дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” мегӯяд, ки ман дар Самарқанд будам, Хоразмшоҳ шаҳрро муҳосира карда буд ва духтари ҷавону дар ғояти ҷамол аз Худованд тақозо мекард, ки ба чанги Хоразмшоҳ наафтад ва ӯ наҷот меёбад. Таърихи ибни Асир ва дигар кутуби таърихӣ, ки ҳамлаи Хоразмшоҳро ба Самарқанд муфассал навиштаанд, соли ҳамларо 607 ё 609-и ҳиҷрӣ зикр мекунанд. Аз ин бармеояд, ки он замон Мавлоно 5 ё 7-сола буд. Яъне онҳо он ҷо зиёд намонданд. Мутаассифона, сайри ҳаракати маконӣ ва ҷуғрофии корвонеро, ки Мавлоноро мебурд, муаррихон муфассал нанавиштаанд.  

— Чаро Султон-ул-уламо барои иқомат Анатолии Туркияро интихоб кард?

— Салотини салҷуқӣ гароиши хосе ба фарҳанг доштанд. Анатолии он замон, ки баъдан Қуния ном гирифт, паноҳгоҳи орифоне буд, ки дар муҳитҳои худашон роҳат набуданд. Мегурехтанд ва ин ҷо паноҳ мебурданд. Дар Анатолӣ фарҳангҳои мухталиф ва адёни мухталиф канори ҳам дар осоиш мезистанд. Ибни Арабӣ қабл аз Мавлоно меравад ба Қуния ва мушоҳида мекунад, ки адёни мухталиф озод ҳастанд, касе барои ақидаву динаш дучори мушкил ва ё таҳқир намешавад. Ӯ ба ин тааҷҷуб мекунад ва каме ҳам нороҳат мешавад. Ҳатто ба амир нома менависад. Барои афкори ирфонӣ дар ҷойҳои дигар фазои мусоид набуд, таҳаммул надоштанд, пайравони тасаввуфро дар бисёре аз шаҳрҳо озор медоданд ва ҳатто мекуштанд. Вале дар Қуния чунин мушкил набуд. Амирони салҷуқӣ ҳам таассуб надоштанд, балки бо ҳама мадоро мекарданд…   

Ирфони Мавлоно

— Устод Мавлоно бо вуҷуди он ки як орифу сӯфӣ аст, як шахсияти чандфарҳангӣ мебошад. Чӣ омил боис шуд, ки андешаи Мавлоно чунин шакл бигирад?

— Бубинед, вақте Мавлоно вориди Анатолӣ мешавад, дар он ҷо ҳанӯз фарҳанги юнонӣ мусаллат ва забони юнонӣ роиҷ буд. Мавлонои кӯчак бо ин ҳушу заковат забони юнониро ёд мегирад. Забони туркиву арманиро низ меомӯзад. Забони арабиро низ ба таври комил фаро мегирад. Дар “Девони Шамс” ман ҳисоб кардам, ки 1000 байти арабӣ дорад. Яъне Мавлоно ҳамаи ин забонҳоро медонист, вале ба забони форсӣ шеър мегӯяд. Ин бисёр аҷиб аст. Таъсири ҳамин гуногунфарҳангӣ буд, ки Мавлоно як шахсияти чандфарҳангӣ ба воя расид. 

— Ҷомеаи ҷаҳон имрӯз ба осори Мавлоно зиёд таваҷҷуҳ дорад. Асрори ин алоқамандӣ дар чист?

— Дар ҷаҳон шахсиятҳои илмиву маърифатӣ зиёд ҳастанд, вале инҳо махсуси фирқа ва дини худанд. Вале Мавлоно андешаманду мутафаккирест, ки ваҷҳи умумӣ дорад, масоиле, ки баррасӣ мекунад, масоили башарӣ аст, фирқавӣ нест. Аслан Мавлоно аз фирқаву фирқабозӣ ҳарф назадааст. Мавлоно мутааллиқ ба башарият аст. Афкораш ҷанбаи ҷаҳонватанӣ дорад.

Мунбасит будему якҷавҳар ҳама,

Бесару бепо будем он сар ҳама.

Як гуҳар будем ҳамчун офтоб,

Бегиреҳ будему софӣ ҳамчу об.

Чун ба сурат омад он нури сара,

Шуд адад, чун сояҳои кунгура.

Кунгура вайрон кунед аз манҷаниқ,

То равад фарқ аз миёни ин фариқ.

Баъзе аз ҳукамои мо ба ин абёт ишора карда, онро ҳамла ба ваҳдати вуҷуди фалсафӣ арзёбӣ кардаанд, вале маҳдуд кардани Мавлоно ба ваҳдати вуҷуди фалсафӣ дуруст нест. Ақидаҳои ӯро бояд пайванд дод ба ваҳдати вуҷуди инсонӣ ва ҷомеаи башарӣ. Ин абёт комилан табъизи нажодиро маҳкум мекунад. Мегӯяд, эй башар, чаро бо ҳам меҷангӣ, чаро мепарӣ, ки ин яҳудӣ, он масеҳӣ, вай зардуштӣ… Инҳоро канор гузор, зеро мо аз як ҷавҳарем. “Кунгура вайрон кунед аз манҷаниқ”. Кунгура — ин дандонаҳои сари девори қалъа аст. Мегӯяд, ки деворҳое, ки байни инсонҳо ва адён ҳаст, ба сурати кунгура аст ва онро мо бояд ба манҷаниқи ваҳдат вайрон кунем.

Бубинед, Мавлоно бештар такя ба ҳунар дорад. Ҳеҷ шоире ба андозаи Мавлоно ба мусиқӣ ишора накардааст. Дар осори ӯ ҳамаи истилоҳоти мусиқӣ ва ҳамаи созҳои мусиқӣ мавҷуд аст: танбӯру рубобу чағонаву чангу… “Девони Шамс” ва “Маснавии маънавӣ”-ро ман ба як мағозаи седаҳани созфурӯшӣ монанд мекунам, ки кас ҳамаи анвоъи созҳоро пайдо мекунад. Агар муштарӣ он ҷо равад, дасти холӣ барнамегардад. Ё таваҷҷуҳи Мавлоноро ба рақс бубинед. Ӯ рақсро василаи пайванд бо Ҳақ арзёбӣ мекунад. Ва имрӯз ҳунар ниёзи башар аст. Ҳамин омилҳо сабаб мешаванд, ки Мавлоно имрӯз ҳам шоири рӯз бошад.

— Мавлоно сӯфӣ ва ориф аст, вале ба куллӣ аз дигар намояндагони тасаввуф фарқ мекунад. Сабаб дар чист?

— Ирфони Мавлоно мутобиқ бо маданияти иҷтимоъ аст. Ирфони Мавлоно ирфони ваҳмӣ нест. Интизории мутлақ ва ваҳдате, ки башар ба он дастрасӣ надорад…, чунин нест ирфони Мавлоно. Ирфони Мавлоно ирфони маданӣ аст. Ӯ як ҳаракати амудӣ дорад ба сӯйи осмон, ба ишқи илоҳӣ, вале он ҷо таваққуф намекунад, дубора бармегардад ва ишқро тақсим мекунад ба ҷомеаи башарӣ. Ин ҷиҳат дар номаҳои Мавлоно бештар эҳсос мешавад. Аксари сӯфиён, аз ҷумла Айнулқуззоти Ҳамадонӣ, Аҳмади Ғаззолӣ, Абдураззоқи Кошонӣ мактубҳо доранд, ки дар онҳо сирф масоили маърифатӣ баҳс мешавад. Вақте китоби “Мактубҳо”-и Мавлоноро мехонед, дар онҳо 90 дарсад масоили маданӣ аст, ҳамагӣ 10 дарсад масоили маърифатӣ. Барои мисол, Фалонӣ, ин шахс косиб аст, кумак кунед кораш пешрав бошад, ин одам дар зиндон аст, ёрӣ диҳед, то хонаводааш беғазо намонад, ин одам бекор аст, кумак кунед, кор ёбад…. Чунин аст муҳтавои аксари номаҳои Мавлоно.

Дигар нуктае, ки бояд зикр кунам, он аст, ки Мавлоно ҷое “ман” намегӯяд. Сар то сари осорашро хонед “ман” нест. Дар “Маснавии маънавӣ“ ҳама ҷо Ҳусомиддин Чалабӣ матраҳ аст, дар “Девони Шамс” ҳама ҷо Шамс аст, дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” ҳама ҷо мардум матраҳ мебошад. Банда зимни мутолиа ҳамеша суол мекунам: “Бобо, ту худат куҷоӣ?…”.

Мо магар шоиру гӯянда кам доштем? Зиёд навиштаанд, ҳарфҳои хеле қашанг ҳам гуфтаанд, вале матраҳ нестанд. Чаро каломи Мавлоно матраҳ аст? Барои он ки Мавлоно ниёзи башарро гуфтааст. Имрӯз ҳам нафарони зиёде дар Мавлоно паноҳ меҷӯянд. Мумкин аст, аксар мутолиоти амиқ надошта бошанд, вале ҳолу ҳавои Мавлоно ба руҳаш созгор меуфтад ва ҳис мекунад, ки гумшудаашро аз осори ӯ пайдо мекунад.

— Дар боло гуфтед, ки Мавлоно ҷонибдори фирқа набуд, вале тариқати “Мавлавия” фирқаи машҳур аст…

— Тариқати “Мавлавия”-ро худи Мавлавӣ насохтааст. Фарзанди аршадаш Султон Валад зеҳни ташкилӣ дошт. Ӯ гарчанде девони шеър ва рисолаҳо дорад ва одами босаводе буд, гароишаш бештар ҷониби мудирият буд. Мехост ташкилот барпо кунад. Ин аст, ки Тариқати “Мавлавия”-ро бунёд гузошт. Шамси Табрезӣ дар “Мақолот”-аш сареҳан гуфтааст, ки Мавлоно аҳли муридпарварӣ ва фирқапарварӣ нест…  

Даъвои Шамси Табрезӣ

— Устод, мо тоҷикон даъвои аз Тоҷикистон будани Шамси Табрезиро низ дорем. Дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ маконе ҳаст, ки “Оромгоҳи Шамси Табрезӣ” шинохта шудааст ва маҳали зиёрати алоқамандонаш аст…

— Ин фарзия таҳқиқи муфассал мехоҳад.

— Умуман, Шамс кӣ буд?

— Як мавқеъ мегуфтанд, ки Шамс сохтаи тахайюлоти Мавлоност. Вале ин ҳарфи поядор нест. Шамс як шахсияте буд, ки агар Мавлоно матраҳ намекард, аслан касе намешинохт. Ибни Арабӣ дар китобҳояш исми орифони зиёдеро зикр кардааст. Вале аз Шамс сухан намекунад. Бо он ки Шамс дар “Мақолот” чанд ҷо ишора мекунад, ки ман бо Ибни Арабӣ баҳс ва мағлубаш кардам…  

— Шамс дар ҳаёати Мавлоно муаммобарангез пайдо мешавад ва ҳамон гуна аз байн меравад.

— Воқеан, на сарнавишташ маълум аст, на мақомаш.

Хоҳам ин бор ончунон рафтан,

Ки надонад касе куҷоям ман.

Ин ки мегӯянд, ӯро овехтанд ва 7 нафар бо корд заданд, афсона аст. Маълум нест. Мазораш ҳам маълум нест.

— Ӯ чӣ ҷозиба дошт, ки Мавлоноро шефтаи худ кард?

— Агар мақолоташро бихонед, то ҷое шахсияташ маълум мешавад. Ӯ одаме буд, ки дар қолаб намеғунҷид. Ба одоби роиҷи хонақо таваҷҷуҳ надошт. Як одами раҳо буд. Албатта, аз назари илмӣ аз Мавлоно хеле поин буд. Аслан, қобили муқоиса набуданд. Вале он чизе, ки ба Мавлоно асар гузошт, раҳоӣ аз қуюд буд. Дар “Мақолот” Шамс мегӯяд, ки ҳар рӯз меравем ва аз Мавлоно дарс мегирем ва ман метавонам “Иъода” кунам. Иъода аз калимаи муъид аст. Инҳо нафароне ҳастанд, ки шогирди заранганд ва метавонанд дарси устодро дубора ба дигарон ироа кунанд. Яъне Шамс барои рушди донишу зеҳнияти Мавлоно таъсиргузор буд гӯем, иштибоҳ мешавад. Ӯ ба Мавлоно раҳоии руҳӣ бахшид.

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *