Кӣ аз таксирони тоҷик қасди ҷон хост?
Владислав Валуев барои ҳамла ба шаҳрванди Тоҷикистон А.Кенҷаев ба ҳамагӣ 1 соли корҳои ислоҳӣ ва 10 000 рубл ҷарима ба фоида таксирони тоҷик маҳкум шуд.
Додгоҳи ҳакамӣ (мировой суд)-и ноҳияи Кунтсевои шаҳри Маскав рӯзи 6 июл сокини 21-солаи шаҳри Маскав Владислав Валуевро бар асоси қисми дуюми моддаи 115-уми Кодекси ҷиноятии Русия (қасдан расондани осеби ҷисмонӣ ба саломатӣ дар заминаи адоват бо истифода аз силоҳ) ба ҳамагӣ як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард.
Владислав Валуев дар ҳамла ба шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон А.Кенҷаев гунаҳкор шинохта шуд. Додгоҳ Валуевро ҳамчунин муваззаф кард, ки ҳамчун ҷуброни маънавӣ ба ронандаи такси А.Кенҷаев 10 000 рубл пардохт кунад.
Додгоҳ мегӯяд, Владислав Валуев 5 феврали соли 2017 аз як клуби шабона берун омада, дар хиёбони Кутузов мошини таксиеро, ки ронандааш А.Кенҷаев буд, манъ кард. Баробари нишастан ба курсии пеш, Валуев таҳқиромез ба ронанда амр кардааст, ки «поехали, чурка.»
Дар роҳ Валуев мегӯяд, ки дар клуби шабона дипломашро шустааст, вале афзудааст, «диплом дигар маъное ҳам надорад, чунки шумо, мардуми омад ҳамаи Маскавро пур кардед ва ҳама ҷойҳои кориро банд кардаед.”
Дар идомаи сӯҳбаташ Валуев ҳамчунин гуфтааст, ки «ҳамаи шуморо бояд сари корд кард” («резать всех…».)
Вақте Кенҷаев Валуевро то ҷои фармудааш – хобгози воқеъ дар минтақаи Мякининон расонда, аз ӯ роҳкиро талаб кардааст, Валуев аз ҷайбаш кордро берун кашида, бо дастаи корд 6 маротиба ба сари ронанда зад. Кенҷаев ба хотири ҳимоят аз худаш як бутилкаи холиро ба даст гирифт. Валуев ба вай ин дафъа бо мушт ҳамла кардааст, вале ронандаи тоҷик дастони ӯро ба пушт тоб дода, аз телефонаш ҳам ба пулис ва ҳам ба «Ёрии таъҷилӣ” занг задааст.
Ин алакай бори сеюм буд, ки Валуев ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуд. Ду дафъаи аввал ӯ барои мошиндуздӣ маҳкум шуда буд, вале адвокаташ тавонист ин дафъа низ айбномаи зидди ин пайрави ақидаҳои миллатгароиро сабуктар карда, муваффақ шавад, то парвандаро бар асоси моддаи ҷазояш сабуки 115 ба додгоҳи ҳакамӣ бифиристанд.
Владислав Валуев дар додгоҳ ба гуноҳаш эътироф ва расман изҳори пушаймонӣ кард. Вале маълум мешуд, ки ин изҳори пушаймонӣ на сидқан, балки танҳо ба хотири сабук кардани ҷазост.
Бино ба гузориши Маркази «Сова”, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ки ҳамлаҳои миллатгароёна ддар Русияро пайгирӣ мекунад, дар ҷараёни муҳокимаи парвандааш дар додгоҳи Кунтсево судя аз Валуев пурсидааст, ки барои чӣ ронандаи тоҷикро зад он шаб?
Валуев бепарво дар ҷавоб гуфтааст: «Бад мебинам онҳоро. Ҳамту бад мебинам. Бале, маҳз узбекҳову тоҷикҳоро.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ