Фирӯза Ҳафизова бо таронаи «Инстаграм» 7772 хонанда пайдо кард

Таваҷҷӯҳи афзояндаи насли ҷавон ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет боис шудааст, ки овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова таронаи навашро ба шабакаи Инстаграм – яке аз шабакаҳои пуртарафдор дар байни ҷавонони тоҷик бахшад.

Ширкати продюсерии «Tamoshow” рӯзи 6 июл таронаи нави овозхони эстрадаи тоҷик Фирӯза Ҳафизоваро бо номи «Инстаграм” дар Ютуб нашр кард. Ин тарона ҳамзамон дар саҳифаи Фирӯза Ҳафизова дар шабакаи Инстаграм ва ҳамчунин дар шабакаҳои дигари иҷтимоӣ дар Интернет нашр шуда, дар байни чанд соат алакай беш аз 6 ҳазор тамошобин гирд овардааст.

Таронаи «Инстаграм”-и Фирӯза Ҳафизова, тавре аз номаш ҳам бармеояд, ба яке аз шабакаҳои иҷтимоии дар байни ҷавонони тоҷик пуртарафдори Интернет – Инстаграм – бахшида шудааст.

Матни ин тарона аз Ёқуб ва оҳангаш аз худи Фирӯза Ҳафизова буда, мусиқиашро Муҳаммад корбаст кардааст.

Фирӯза Ҳафизова дар ин тарона аз ҷумла мехонад:

Бигирам аксе аз ҳусну ҷамолам,

Ба Инстаграм селфии худро гузорам.

Ба аксҳоям лайк мегузоранд,

Дӯст дорам, дӯст дорам.

Бихонам байту оҳанги ҷавонӣ,

Бифристам барои дӯстони ҷонӣ…

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *