Зафар Пировро зиндон таҳдид мекунад (Видео)

Додситонии ноҳияи Восеъ тафтиши парвандаи худкушии арӯси ҷавон Раҷаббии Хуршеди 18-соларо анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳи ин ноҳия супурдааст. Ба шавҳари Раҷаббӣ – Зафар Пиров – бо иттиҳоми «ба худкушӣ” расондан аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шаҳбоз Ниёзӣ, додситони ноҳияи Восеъ рӯзи 20 июл дар нишасти хабариаш гуфт, тафтиши парвандаи худкушии арӯси ҷавон Раҷаббии Хуршед анҷом ёфта, барои баррасӣ ба додгоҳи ин ноҳия ирсол шудааст. Шаҳбоз Ниёзӣ гуфт, тафтишот иттиҳоми «ба худкушӣ расондани шахс”-ро нисбат ба шавҳари Раҷаббии 18-сола — Зафар Пировисбот кардааст ва бояд акнун додгоҳ ба ин қазия баҳои ниҳоии ҳуқуқӣ бидиҳад.

Ба Зафар Пиров бар асоси Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои «ба худкушӣ” расондан аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Раҷаббии Хуршед рӯзи 22 июн ба иллати истеъмоли сирко (уксус) дар бемористони ноҳияи Восеъ ҷон дод. Ӯ дар як видео қабл аз маргаш гуфт, шавҳараш Зафар Пиров вайро ба нодухтар будан ва доштани бемории пӯст айбдор кардааст ва ӯ аз ин таънаҳо ба ҷон омада, сирко хӯрдааст.

Раҷаббии Хуршед моҳи май бо Зафар Пиров издивоҷ карда, баъди ҳамагӣ 37 рӯзи тӯяшон худкушӣ кард.

Аммо Зафар Пиров, дар сӯҳбат бо нашрияи «Оила” шубҳаҳояш дар мавриди бокира будан ё набудани арӯси ҷавонмаргашро эътироф кард ва гуфт, ҳатто натиҷаи ташхис, ки даъвои ӯро ботил хонд, қаноаташ дода натавонист.

Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди нодухтарӣ ва ҳатто бо вуҷуди бемории пӯсташ, ки пеш аз тӯй аз вай пинҳон доштаанд, мехост ба зиндагиаш ба Раҷаббӣ идома идома диҳад, вале дар пайи як ҷанҷоли навбатӣ байни онҳо Раҷаббӣ худкушӣ кард.

Аммо бисёриҳо ба ин худсафедкуниҳои Зафар Пиров бовар накарданд. Дар баҳсҳои интернетӣ бисёриҳо гуфтанд, ки домод арӯси ҷавонро бо шубҳаҳои беасосаш хеле ба ҷон овардааст, ки Раҷаббӣ маргро аз зиндагӣ авло донист.

Дар Тоҷикистон ҳар сол беш аз 400 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Аксари онҳое ки қасди ҷони худ мекунанд, занону духтаронанд. Моҷароҳои хонаводагӣ ва мушкилоти рӯзгор як сабаби умдаи худкушиҳои занону духтарони тоҷик ном бурда мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *