Ура! Кризис тамом шуд-мегӯянд муҳоҷирони тоҷик

Муҳоҷирони тоҷик дар семоҳаи аввали соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон 381 миллион доллар пул фиристодаанд. Барои бори аввал дар се соли бӯҳрони иқтисодии Русия ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик рӯ ба афзоиш овардааст.

Омори нашркардаи Бонки марказии Русия нишон медиҳад, ки муҳоҷирони корӣ аз Узбекистону Тоҷикистон – ду кишвари асосии муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ — дар фиристодани пул аз Русия ба кишварҳои зодгоҳи худ пешсафанд.

Дар семоҳаи аввали соли 2017, бино ба омори Бонки марказии Русия, аз ин кишвар ба Узбекистон 570 миллион доллар ва ба Тоҷикистон 381 миллион доллар интиқол додаанд.

Ҷои сеюмро дар ин «чемпионат”-и пулҳои интиқолӣ аз Русия Қирғизистон, боз яке дигар аз кишварҳои муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ мегирад. Дар се моҳи аввали сол асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Қирғизистон 379 миллион доллар пул интиқол шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ аз Русия ба Украина 202 миллион, ба Озарбойҷон 166 миллион, ба Арманистон 137 миллион, ба Қазоқистон 123 миллион, ба Молдова 97 миллион, ба Беларус 71 миллион ва ба Туркманистон, ки камтар аз ҳама аз пули кори муҳоҷиронаш дар хориҷ вобаста аст, ҳамагӣ 1 миллион доллар пул интиқол додаанд.

Ҳаҷми пулҳои аз Русия ба Тоҷикистон фиристодашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ назар ба 362 миллиони соли 2015 19 миллион доллар ва назар ба 303 миллиони семоҳаи аввали соли 2016 алакай 78 миллион доллар бештар аст.

Вале ба ақидаи иқтисоддонҳо, муҳим аз ҳама худи тамоюл аст, чунки барои бори аввал аз оғози мушкилоти иқтисодии Русия дар соли 2014 муҳоҷирони тоҷик тавонистанд ба афзоиши ҳаҷми пулҳое, ки ба Ватан мефиристанд, ноил шаванд.

Вале омори Бонки марказии Русия нишон медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик то ҳол ба Ватан бо эҳтиёт пул мефиристанд. Ҳаҷми миёнаи маблағе, ки имсол аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, ҳамагӣ 80 долларро ташкил медиҳад, ки дар байни муҳоҷирон аз тамоми кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳама камтар аст.

Дар се моҳи аввали сол аз Русия ба хориҷ ба сурати умум 8,3 миллиард доллар пул интиқол додаанд. Аз ин танҳо 2, 2 миллиардаш ба кишварҳои СНГ рост меояд.

Ҳар сол, бино ба оморҳо, беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кор ба хориҷ ва асосан ба Русия меравад. Дар солҳои то бӯҳрон муҳоҷирони тоҷик солона ба Ватан то 4 миллиард доллар пул мефиристоданд. Вале аз соли 2014 ба ин тараф ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистон рӯ ба коҳиш оварда, соли 2015 – 2,2 миллиард ва соли гузашта ҳамагӣ 1,9 миллиард долларро ташкил дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *