37 муҳоҷир ҷарима ва аз Русия ихроҷ шуданд
Хабаргузории ТАСС бо истинод ба сардори хадамоти матбуотии Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав Татяна Петрова хабар дод, ки тақрибан 40 муҳоҷир пас аз занозании оммавӣ дар Митиши аз Русия ихроҷ карда шуданд.
«Бо қарори додгоҳ 37 шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави Русия хориҷ карда шуданд. Қаблан нисбати онҳо як қатор протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда буданд, аз ҷумла барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират», — қайд кардааст Петрова.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки он муҳоҷироне, ки аз қаламрави Русия ихроҷ гардиданд, пеш аз депорт шаҳрвандони хориҷӣ ҷарима шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ