Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия: кай ва чӣ гуна?

Дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистону Русия шумораи парвозҳои мустақимро миёни худ афзоиш хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, ки ширкати русии UTair Airlines санаи 31 август, 2, 4 ва 5 сентябр парвозҳо аз Маскав (Внуково) ба Душанберо анҷом медиҳад. Аз 7 сентябр парвозҳо дар масири Маскав — Душанбе ҳамарӯза анҷом дода мешаванд. Парвозҳо аз Душанбе ба Маскав (Внуково) тариқи ин ширкат рӯзҳои 1, 3, 5 ва 6 сентябр ва аз 8 сентябр — ҳар рӯз ба нақша гирифта шудаанд.

Ширкати Ural Airlines нақша дорад, ки ҳар ҳафта ба 38 самт парвозҳои мунтазам анҷом диҳад. Дар хатсайрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия — Москва, Санкт -Петербург, Екатеринбург, Жуковский, Қазон, Калуга, Краснодар, Красноярск, Липецк, Минеральные Воды, Нальчик, Нижнекамск, Нижний Новгород, Новосибирск, Перм, Ростови лаби Дон, Самара, Уфа, Челябинск парвозҳо аз нав барқарор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус дар Русия, аз 27 август парвозҳои мунтазам миёни Русия ва Тоҷикистон зиёд шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *