4 даста ба марҳилаи ниҳоии гурӯҳи «А»-и Чемпионати Тоҷикистон роҳ ёфтанд
То анҷоми марҳилаи дуюми Чемпионати футболи Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олӣ як даври дигар боқӣ мондааст, ки пас аз он ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ду гурӯҳи марҳилаи ниҳоӣ муайян мешаванд.
То кунун «Истиқлол», «Кўктош», «Равшан» ва «Эсхата» барои худ ҷойро дар гурӯҳи «А»-и марҳилаи ниҳоӣ кафолат доданд. Боз як дастаи гурӯҳи якум баъди даври ҳаждаҳум муайян мегардад.
Маҳз даври 17-ум дастаҳои аввалини ширкаткунандаи марҳалаи ниҳоиро маълум кард. Дар ин давр «Эсхата»-и Хуҷанд, пас аз ду бохт дар оғози нимаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2023, дар майдони худ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 пирўз шуд.
«Ҳосилот»-и Фархор дар ин давр бар яке аз пешсафони Лигаи олӣ «Куктош» бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Баъди ин комёбӣ дастаи ноҳияи Фархор дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи ҳафтум баромад.
«Равшан»-и Кўлоб дар майдони худ бар КМВА-и пойтахт бо ҳисоби 1:0 пирўз шуд.
Вохўрии миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд», ки дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
«Истиқлол»-и Душанбе бар «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби 2:1 пирўз шуда, бартарии худро нисбат аз таъқибгаронаш дар ҷадвал афзоиш дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ