3 миллион сомонӣ ба маъюбон ва ниёзмандон

Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ба маъюбон ва ниёзмандон 134 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва 3 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон ёриҳои моддӣ расонида шудааст.

Ҳамчунин, дар нишасти раиси ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзноманигорон чанд масъалаи дигарро баррасӣ карданд. Аз ҷумла ҳолати тозагию озодагии маркази ноҳия, ҷудо нагардидани маблағ барои истироҳати наврасон дар лагерҳо ва ғ.

Ҳол он ки, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ фоизи иҷрои буҷети маҳаллӣ 101,2 фоизро ташкил додааст.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *