Хатлон: Таъмири роҳҳо бо харҷи наздик ба 42 миллион сомонӣ

Дар шаш моҳи соли 2023 дар вилояти Хатлон бо харҷи наздик ба 42 миллион сомонӣ роҳҳои мошингард таъмир карда шудаанд. Аз ин зиёда аз 25 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон аст.

Нусратулло Ҳақназаров, сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки соҳибкорон зиёда аз 38 километр роҳро таҷдид намуда, 29 пули мошингузарро низ таъмир кардаанд. Ӯ мегӯяд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон беш аз 170 километр роҳ сангфарш карда шуд.

«Дар таъмиру бозсозии роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 41 миллиону 900 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Хароҷот барои таъмир ва нигаҳдории роҳҳои мошингард нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 17 миллион сомонӣ зиёд аст»,- афзуд ӯ.

Нусратулло Ҳақназаров гуфт, ки давоми сол 48 километр роҳи мошингард пурра бозсозӣ, 1 ҳазору 119 километр таъмири ҷорӣ ва 88 пулу қубурҳо таъмир шудааст. Ӯ таъкид кард, ки “минбаъд низ ба беҳтар кардани вазъи роҳҳо ва таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт мусоидат мекунем”.

Гуфта мешавад, ки дар самти беҳтар кардани вазъи роҳҳои вилояти Хатлон дастгириҳои Вазорати нақлиёти кишвар ҳам назаррас аст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *