Андоз иҷро шуду саноат кам

Зафар Гулзода, раиси ноҳия Шамсиддин Шоҳин дар нишасти матбуотияш дар қатори нишондодҳои мусбати соҳаҳои мухталифи ноҳия ҳарф зад.

Тибқи иттилои раис, давоми нимсолаи аввали соли 2023 иҷрои нақшаи андоз (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар ноҳия ба андозаи 131,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба маблағи 12,5 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбати нақша 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Раиси ноҳия дар мавриди нақшаи кам иҷрошудаи маҳсулоти саноатӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи З. Гулзода, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия ба 48 миллиону 645 ҳазору 500 сомонӣ расонида шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 289 ҳазору 500 сомонӣ ё 13,8 фоиз кам мебошад.  Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *