4 нафар як “сварка”- и ҷавонзанро дуздиданд

Тавре ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ бо ариза ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳраки Ошобаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми феврали соли 2021, тахминан соати 22:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад таҷҳизоти барқии кафшергариро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷоноби кормандони милитсия 4 ҷавони 19-солаи сокинони шаҳраки Ошоба бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *