4 нишони биринҷӣ пас аз 13 соли интизорӣ
Варзишгарони Федератсияи гимнастикаи тоҷик баъди танаффуси тӯлонии 13- сола дубора ба мусобиқаҳои байналмилаӣ сафарбар шуданд.
Аз 16-ум то 20-уми октябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 13-умин қаҳрамонии Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ доир шуд, ки тимҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Корея, Ҳонконг, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дар он иштирок намуданд. 4 дастпарвари федератсияи гимнастикаи тоҷик дар ин мусобиқа иштирок намуда, сазовори 4 нишони биринҷӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем,ки чанде пеш Қосим Усмонзода, собиқ сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе, раиси Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон интихоб гардида буд.
Бо иваз гардидани роҳбарияти Федератсия ҳамакнун варзишгарони тоҷик ба мусобиқаҳои мухталифи байналмилалӣ ҳамвора иштирок хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ