бучет

Хатлон. Нақшаи андоз дар як шаҳру ду ноҳия иҷро нашуд

Нақшаи ҷамъоварии андоз дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Левакант ва ноҳияҳои Панҷу Ёвон пурра иҷро нашудааст.

Аз ин ҳисоб ба буҷет 10 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ворид нашудааст. Аз Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, се шаҳру ноҳия, Левакант, Ёвон ва Панҷ нақшаи андозро пурра таъмин накарданд.

Аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз ба буҷет 10 миллион 83 ҳазору 700 сомонӣ ворид нагардидааст. Вале аз ҳисоби иҷро шудани барзиёди нақша дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба буҷет наздики 59 миллион сомонӣ барзиёд ворид шудааст.

Машараби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *