4 шаурмапази тоҷик ба заҳролудсозии 22 нафар ва марги як духтар айбдор мешаванд
Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Курски Русия рӯзи 10-уми сентябри соли 2023 шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Парвиз Алимардонзодаро дар чорчӯбаи парвандаи пурсарусадои заҳролуд шудани 22 муштарии дӯкони шаурмафурӯшӣ дар шаҳри Лгови вилояти Курск ва марги як духтари 23-сола пас аз истеъмоли шаурмаи ин дӯкон то 6-уми ноябр ба ҳабс гирифт.
Парвиз дар ин дӯкони бадномшуда ба ҳайси шаурмапаз кор мекард.
Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои вилояти Курск, ки ҷараёни мурофиаи ин парвандаи пурсарусадоро бо нашри аксу видеоҳои зиёд аз толори додгоҳ инъикос кард, хабар дод, ки далели ба ҳабси пешакӣ гирифтани Парвиз Алимардонзода ин буд, ки муҳлати сабти номи ӯ дар Лгов аллакай рӯзи 17-уми сентябр ба поён мерасад.
Се айбдоршавандаи дигар дар ин парвандаро, ки низ зодагони Тоҷикистонанд, вале шаҳрвандии Русияро доранд, додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабси хонагӣ фиристод.
Соҳиби ин дӯкони шаурмафурӯшӣ Мансуршоҳ Файёзов, ҷияни 23-солааш Шаҳриёр Файёзов, ки донишҷӯи коллеҷ буд ва ҳамзамон дар дӯкони амакаш кор мекард, модари 46-солаи Шаҳриёр – Дилбар Сангова, ки дар инҷо ба ҳайси ёвар кор мекард ва шаурмапази дуюм Парвиз Алимардонзода рӯзи ҷумъа, 8-уми сентябр аз ҷониби кормандони Кумитаи тафтишот дастгир шудаанд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии вилояти Курск, 22 нафар, аз ҷумла 8 кӯдаку наврас баъди истеъмоли шаурма дар дӯкони Файёзов бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба табибон муроҷиат кардаанд ва яке аз онҳо — духтари 23-сола ҷон додааст.
Ба зодагони Тоҷикикистон ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то ним миллион рубл ва ё то 5 сол корҳои ислоҳӣ ё то 6 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи ним миллион рубл таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ