Хатлон

Хатлон: Фавти 4 нафар дар ҳодисаҳои нохуш

Давоми соли равон дар ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар вилояти Хатлон 4 нафар фавтида, чанд каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамза Бобозода, сардори раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки давоми соли ҷорӣ шаш ҳолати ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот рух додааст. Ӯ мегӯяд, ки мутаассифона, дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, чор каси дигар маҷруҳ шудаанд.

Ба таъкиди вай, аз ҷониби мутахассисони хадамоти мавриди назар беш аз 312 ҳазор сомонӣ ҷуброни яквақта ва кумакпулӣ ба наздикони фавтида ва ҷароҳатбардоштагон таъин шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *