40 ҳазор сомонӣ кумаки Донишгоҳи омӯзгорӣ ба зарардидагони Хоруғ
Бо ибтикори Аҳлиддин Ибодуллозода — ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҳайати омӯзгорону Иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Хоруғ ба маблағи 40 000 сомонӣ кумакпулӣ ирсол карда шудааст.
Дар ин бора Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар медиҳад.
Аҳлиддин Ибодуллозода — ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мақсади ин амалро “дастгирии ҳамдигарӣ дар рӯзҳои сангину мусибат ва танҳо нагузоштани мардуми аз офати табиӣ зарардида” арзёбӣ намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ