Рустами Эмомали

Қабули ҳуҷҷатҳо то 17 март. Ҷоизаи нави раиси шаҳри Душанбе барои ҷавонон

Барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе таъсис ёфт.

Ҷоизаи мазкур барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ дар самтҳои номбурда таъсис дода шудааст.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун тавассути Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, муҳлати он то 17 марти соли 2023 муқаррар гардидааст.

Чанде пеш тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2022» — 10 ҳазор сомонӣ, «Омӯзгори сол-2022»-10 ҳазор сомонӣ ва «Хонандаи сол-2022» — 6 ҳазор сомонӣ дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Қарори раиси шаҳ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ — маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, омӯзгорон ва мураббиён буда, ғолибони ин озмунҳо дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *