Нигаронии Рустами Эмомалӣ дар Москва

 Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри  Москва изҳор доштааст, ки  низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам барои рушди минбаъдаи аксари кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд.

 «Рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СААД- омили аслии таъмини амният дар минтақа аст»,- изҳор доштааст Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ин ҷаласа.

Гуфта мешавад, ки ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 5 декабр дар толори «Колонний»-и Хонаи иттифоқҳои Москва сурат гирифтааст.

 «Натиҷаҳои ҷаласаи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба татбиқи босамари вазифаҳое, ки дар назди Созмон истодаанд, ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақаи масъулияти СААД мусоидат хоҳанд кард»,- иброз намудааст Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.

Ба гуфтаи ӯ, низоъҳои дар минтақаҳои гуногуни олам бамиёномада барои рушди аксари кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд. «Дар ин замина вазъияте, ки дар Афғонистони ҳамсояи мо ба амал омадааст, махсусан ташвишовар аст»,- гуфт Рустами Эмомалӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Созмон бояд барои ҳифзи марзҳои ҷанубӣ аз терроризму ифротгароӣ тадбирҳои фаврӣ андешад, таъмини амният дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон зарур аст.

«Имрӯз он ба манфиатҳои амнияти дастҷамъӣ таҳдиди воқеӣ ва эҳтимолан зиёд дорад. Дар ин вазъият кишварҳои мо бояд дар якҷоягӣ барои ҳифзи сарҳадҳои ҷанубии СААД тадбирҳои таъҷилӣ андешанд, то таҳдидҳои аз он самт бароянда кам карда шаванд»,- изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *