Насби арчаи 18-метра дар шаҳри Бохтар

Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон арчаи солинавӣ бо баландии 18 метр ва паҳноии беш аз 7 метр насб карда шудааст.

Миралишоҳи Сайфиддин, директори Муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунию ороишии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки барои насб ва ороиши арчаи солинавӣ дар шаҳри Бохтар 40 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда мешавад.

— Атрофи арчаи солинавӣ хоначаҳо (домик) барои бозии кӯдакон сохта мешавад. Арчаи солинавӣ дар майдони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар насб шудааст. Дар шафати театр боғи истироҳатӣ ҷойгир аст ва барои арча бисёр ҷойи мувофиқ аст,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *