ДОВТАЛАБ — 2023. ММТ: Арзиши хизматрасонӣ муайян шуд

Арзиши хизматрасонӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ муайян шудааст.

Тавре ба Pressa.tj аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд, барои шахсони дорои маълумоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ арзиши хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023-юм 300 сомонӣ, барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум) 210 сомонӣ ва барои марҳилаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввал 25 сомонӣ муайян шудааст. Арзиши мазкур аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои шахсони зерин имтиёз пешбинӣ гардидааст:

1). Шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд.

2). Шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб» аз пардохти 50 фоизи маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод кунанд, ки маълумоти муфассал дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) аз 1-уми марти соли равон оғоз мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *