40 ҳазор доллари як намозгузорро дар масҷид дуздиданд

Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон мегӯяд, ду мардеро боздошт кардааст, ки дар дуздии ҳудуди 40 ҳазор доллари як намозгузор дар яке аз масҷидҳои вилояти Қашқадарё гумонбаранд.

Ба огаҳии вазорат, як соҳибкори маҳаллӣ ба шуъбаи пулиси шаҳри Шаҳрисабзи Қашқадарё шикоят кардааст, ки афроди номаълум 38,7 ҳазор доллари ӯро дуздидаанд.

«Соҳибкор халтаи пулро гузошта, ба таҳоратхонаи масҷид медарояд ва вақте берун мебарояд пулҳоро касе дуздидааст», — омадааст дар иттилоияи пулис.

Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони пулис ду мард — як сокини вилояти Бухоро ва як сокини шаҳри Тошканд бо гумони дуздии пулҳо боздошт шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир, зидди боздоштшудагон бо банди «Дуздӣ» парванда боз шудааст, ки то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *