Марҳамат ба боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт

21-22 апрели соли равон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегарданд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳр Душанбе роҳандозӣ шудааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 21  апрел Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ дар Боғи «Ирам», Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ» дар Боғи «Дӯстии халқҳо», Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи «Рӯдакӣ», Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» дар Боғи «Парчами давлатӣ», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Майдони 800-солагии Москва ва бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳринав дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мекунанд.

 

Ҳамчунин 22 апрел Муассисаи давлатии «Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» дар Боғи «Ирам», Муассисаи давлатии «Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода» дар Боғи «Дӯстии халқҳо», Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С. Юсуповаи шаҳри Душанбе дар Боғи устод «Рӯдакӣ», Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар Майдони 800-солагии Москва ва Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявӣ эстетикии кӯдакону ҷавонон дар Боғи «Парчами давлатӣ» муваззаф гардидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи «Ирам» соати 10:00 ва дар дигар боғҳо соати 18:00 баргузор карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *