МАРШИРОВКА аз  Олимпиадаи ҷаҳонӣ муҳимтар аст?


Рӯзномаи «Имрӯз-News» ин навбат баҳси барои маршировка аз донишгоҳ хориҷ шудани варзигар Холов Афзалшоҳ Сайфуллоевичро баррасӣ намудааст, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ алакай баҳси калонеро ба миён овардааст:

Қаҳрамони ҷаҳон ва Осиёро барои он ки наметавонад дар маршировка иштирок кунад, аз донишгоҳ хориҷ карданианд.Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ (пауэрлифтинг);
Қаҳрамони мусобиқаи байналмилалии вазнбардории “Паланги тиллоӣ IX” (“Золотой тигр IX”) (Русия, октябри 2015);
Қаҳрамони мусобиқаи Осиё оид ба вазнбардорӣ (дар алоҳидагӣ дар се бахш) (Қазоқистон, 9-11 майи соли 2016);
Қаҳрамони ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ;
Устоди байналмилалии варзиш оид ба вазнбардорӣ;
Номзад ба Устоди варзиши Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ;
Номзад ба Устоди варзиши Русия оид ба вазнбардорӣ;
Яке аз ғолибон (ҷойи 2-юм)-и мусобиқаи ошпазӣ дар шаҳри Душанбе (2015);
Ҷоизаҳо, медалҳо, дипломҳо…
Ва аз ҳама муҳим парчамбардору умеди асосии мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалии қарибулвуқӯъ оид ба вазнбардорӣ (29 сентябр-3 октябри соли 2016, Русия, Екатеринбург).
Оё ин ҳама кам аст, ки як нафар шинохта шавад?
Холов Афзалшоҳ Сайфуллоевичро, ки воқеан, бояд боиси ифтихори Тоҷикистону тоҷикистониён бошад, маҳз бо далели ин ки наметавонад дар тамринҳои ҳарбии сафороӣ (маршировка) иштирок кунад, аз донишгоҳ хориҷ карданианд. Сабаби дар маршировка иштирок накардан ин аст, ки вай бояд дар мусобиқаи байналмилалии кушода оид ба вазнбардорӣ, ки рӯзҳои 29 сентябр то 3 октябри соли 2016 дар шаҳри Екатеринбург баргузор мешавад, иштирок намояд. Барои иштирок дар ин мусобиқа ӯ аз ҷониби Ташкилоти ғайритиҷоратии “Анҷумани миллии пауэрлифтинг” (Русия, Екатеринбург) расман даъват шудааст, то Тоҷикистонро намояндагӣ кунад.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон аз муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Fуломзода А. хоҳиш кардааст, ки “барои озод намудани Холов А.С. аз тамринҳои сафороӣ барои паради ҳарбӣ” иҷозат диҳад. Роҳбарияти вазорат дастур додааст, ки ин масъала баррасӣ шавад, аммо дар сатҳҳои поинтар онро ҳатто баррасӣ накардаанд.
Аз рӯи мантиқи масъулон, бояд Афзалшоҳ яке аз ин дуро интихоб кунад: ё дар маршировка иштирок мекунад, ба хотири ин ки аз донишгоҳ хориҷ нашаваду заҳмати чорсолааш барбод наравад, ё дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, парчами Тоҷикистонро мебардорад.
Афзалшоҳ як ҷавони оддӣ нест, ӯ аллакай Қаҳрамони ҷаҳон, Қаҳрамони Осиё, Устоди байналмилалии варзиш аст. Оне, ки таҳдид ба хориҷшавии ин ҷавон аз донишгоҳ кардааст ва ҳамин гуна кушишро дорад, чӣ касест ва барои ин ватан чӣ хизмате кардааст? Чаро иҷозат дода шавад, ки маҳз барои худнамоишдиҳӣ назди роҳбарон бояд ҷавоне дар авҷи камолот шикаста шавад? Наход дар як донишгоҳи калон як нафаре ёфта нашавад, ки ҷои Афзалшоҳро иваз кунад?

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *