180 ҳазор субъекти хоҷагидор аз фаъолият мондааст

     Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Гулнора Кенҷа Ҳасанзода  барои намоядагони васоити ахбори омаи кишвар нишасти матбуотӣ доир карда, дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақоми омории давлатии мамлакат дар  нимсолаи якуми соли 2016 ҳисоботи    мухтасар дод.

-Дар маҷмуъ дар шашмоҳаи аввали соли равон  беш аз 5 ҳазор корҳои омории ба нақшагирифта сари  вақт иҷро карда шуд, — гуфт ӯ. – То 1-уми июли соли равон   470,3 ҳазор  субъекти оморӣ   ба қайд гирифта шудаст. Аз ин 464,3  ҳазор дар «Равзанаи ягона» номнавис шуда, 426,2 ҳазораш ҳамчун соҳибкори инфиродӣ маҳсуб меёбад. Дар давоми ин давраи  ҳисоботӣ наздики 180 ҳазор субъектҳои хоҷагидор барҳам дода шудааст, ки аз ин шумор 173, 5 ҳазор соҳибкори инфиродӣ мебошанд.

 Сабабҳои афзудани ин нишондодро Гулнора Ҳасанзода шарҳ надода, зикр намуд, ки ин  салоҳияти Агентии омор нест.

Ӯ ба саволи ҳолати бекорон посух дод, ки то охири моҳи майи соли равон  дар кишвар 55,8 ҳазор нафар бекор расман ба  кайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳи апрели соли 2016 1,5 фоиз зиёд аст. Сатҳи бекории расмӣ назар ба шумораи қувваҳои корӣ 2,4 фоизро ташкил кардааст. Кормандони кироя дар моҳи майи  соли ҷорӣ нисбат ба моҳи майи соли 2015-ум 1,3 фоиз зиёд шуда, ба 1 млн 962 ҳазор нафар баробар аст.

Бояд гуфт, ки дар нишасти матбуотии мазкур аксари пурсишҳои рӯзноманигорон аз ҷониби масъулини Агентии омор  посухи пурра наёфтанд. Масъулин «ин савол ба мо дахл надорад»-гӯён хомӯширо афзал медонистанд.

Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *