Анисаву Мадина куҷо ғайб заданд?
Мадина ва Аниса Ашӯроваҳо, хоҳарони ноболиғ, рӯзи сеюм аст, ки дар Душанбе бедарак шудаанд.
Хосият Муҳтоҷова, модари Мадинаи 14-сола ва Анисаи 16-сола дар суҳбат ба хабарнигрон гуфт, духтаронаш баъди соати 12-и рӯзи 12-уми сентябр дар роҳ ба мактаби №36-и Душанбе бедарак шудаанд: “Мадина дар синфи ҳафтум мехонад ва пеш аз рафтан ба дарс хоҳиш кард, ки барои китобҳояш пул диҳам. Аммо надоштам, гуфтам, камтар тоқат кун, пул шавад, медиҳам. Хоҳарбузургаш Аниса гуфт, ки Мадинаро ба мактаб мебарад ва аз муаллима хоҳиш менамояд, ки иҷозат диҳад, то пули китобро ду-се рӯз пас биорад”.
Модари Мадина ва Аниса мегӯяд, духтаронаш бо ҳамин мақсад аз хона берун шуданд, аммо ба мактаб нарасидаанд. Ӯ афзуд, айни ҳол дар назди идораи пулис аст ва барои пайдо кардани духтаронаш ариза додааст: “Дар тани Мадина либосҳои мактабӣ ва Аниса куртаву руймол дошт”.
Волидони Мадина ва Аниса аз афроде, ки духтаронашонро дидаанд, ё дар борааш маълумот доранд, хоҳиш намуданд, ки тариқи рақамҳои 904 06 16 06 дар тамос шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ