Форланд чаппа шуд

14-уми сентябри соди 2017, тахминан соати 17:30-дақиқа, автомашинаи боркаши тамғаи «Форланд”, таҳти идораи ронанда Мараимов Эмомназар Мирзоевич, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми бурдани корҳои сохтмонӣ дар 227-ум километри шоҳроҳи «Кӯлоб-Ш.Шоҳин” дар ҳудуди деҳаи Анҷироби ноҳияи Ш.Шоҳин ногаҳон чаппа шудааст.

Дар натиҷа худи ронанда, Мараимов Э.М. ва мусофири дохили автомашина Орзуев Хоҷа Олимович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Инчунин, мусофири дигари дохили автомашинаи мазкур Шарифов Машраб Қурбонович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *