Ёди ту…

Вақте биёӣ синаро хонатаконӣ мекунам,

Ранги тамоми пардаҳоро осмонӣ мекунам.

 

Вақте биёӣ рӯзу шаб чун кӯдакони навсухан,

Бо завқ дар дунёи ту ширинзабонӣ мекунам.

 

Он қадр хира мондаам бар аксҳои куҳнаат,

Ингор дорам қобҳоро ҳам равонӣ мекунам.

 

Тоқат намеорам касе оинаатро бишиканад,

Бо қилу қоли сангҳо ҳей меҳрубонӣ мекунам.

 

Ман бо тамоми вожаҳо итмоми ҳуҷҷат кардаам,

Шеъри туро, шӯри туро, рӯзе ҷаҳонӣ мекунам.

 

Як ҷойи дунё шеърҳо бо ҳам оштимон медиҳад,

Он вақт ҳар шаб дар ҳавоят шеърхонӣ мекунам.

 

Дигар чӣ фарқе мекунад, ман пир бошам ё ҷавон?

Вақте ту бошӣ то таҳи дунё ҷавонӣ мекунам.

***

Покии Зояндарӯд

Дигар гиреҳ хӯрда вуҷудам бо вуҷудаш,

Маҳкам шуда бо решаҳоям тору пўдаш.

 

Рӯйи тамоми фаршҳои дастбофам,

Ҷо монда радди пойи рӯъёи кабудаш.

 

Селлулҳоямро шабеҳи муште исфанд,

Пошидаам дар оташ аз бадви вурудаш.

 

Бояд ба ин оташ бисӯзам ё бисозам?

Вақте ба чашмам меравад ҳар рӯз дудаш.

 

Оинаам бо шамъдонҳо аҳд баста,

Ҳатто тарак ҳам бар надорад дар набудаш.

 

Аз норванҳои сари кӯча шунидам:

Меояд ӯ, фарқе надорад дер ё зудаш.

 

Дил барнахоҳам дошт аз ин ишқи маъсум,

Чун Исфаҳон аз покии Зояндарӯдаш.

***

 Моҳи гумшуда…

Урдибиҳиштам дар таби пойиз, гум шуд,

Дар баргрезонҳои ваҳмомез, гум шуд.

 

Ҳей дона, дона, дона гулҳои анорам,

Дар бодҳои ваҳшию якрез, гум шуд.

 

Ангурҳои обдори токҳомон,

Дар хумраҳои аз тиҳӣ лабрез, гум шуд.

 

Таърихи ман бо охирин устураҳояш,

Байни ғубори лашкари Чингиз, гум шуд.

 

Фарёдҳои синаи машрутахоҳам,

Пушти  сукути  мумтади Табрез, гум шуд.

 

Ман мондаму моҳу шаби ялдоӣ, аммо,

Абре расид аз роҳ- моҳ ҳам низ-гум шуд.

 

Девонае бо кафшҳои васладораш,

Дар кӯчаи ишқи хаёлангез, гум шуд.

***

 Духтари побараҳна

Шеърҳоям шуданд хокистар, вожаҳои тағаззулам дудӣ,

Ту ҳамон шамъи шӯълавар дар ман, ту ҳамон асри ашколудӣ.

 

Духтаре побараҳна роҳ афтод, то туро ҷустуҷӯ кунад дар бод,

Ҳар тараф рафт дид он ҷойе, сахрае, кӯҳпояе, рӯде.

 

Рафт шояд сафар баҳона шавад, то ту аз хотираш раҳо бишавӣ,

Чамадонаш, ки боз шуд ногоҳ, дид байни либосҳо будӣ.

 

Сар ба зеру наҷибу маҳҷуб аст, ин ки дар ман нишаста, аммо на!

Ин ҳама роҳро азизи дилам! Бо нигоҳат чигуна паймудӣ?

 

Аз тамоми медоди рангиҳо, саҳми ман зарди каҳрабоӣ шуд,

Ҳей гули сурх мекашам аммо, мешавад шоха-шоха довудӣ.

 

Духтарони қабила мебофанд, субҳ то аср тарҳи чашматро,

Байни ангуштҳояшон торе, рӯйи қоличаҳошон пуде.

 

Бабри ваҳшӣ ҳуҷум кун дар ман! Рам бидеҳ дастаи гавазнонро,

Он тараф радди пойи оҳуҳост, пас куҷо меравӣ ба ин зудӣ?

حسنا محمدزاده — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *