Фоҳишаҳоро кушта реза карданд
Ахиран Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бобати куштори бераҳмонаи ду зани сабукпой дар шаҳри Душанбе, ки баъди куштан реза- реза карда шудаанд, иттилоъ дод. Тавре, ки аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзҳои 21 ва 29-уми июли соли 2016, аз соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаҳои А.Қаҳҳоров ва Мушфиқии шаҳри Душанбе ҷасади ду зани шахсияташон номаълум, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардиданд. Ба иттилои манбаъ қотилон ҷасади занҳоро баъди куштор ба қисмҳо ҷудо кардаанд.
Вазоратикорҳои дохилаи кишвар мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса се муттаҳам-марди 25-сола, сокини ноҳияи Восеъ, марди 23-сола, сокини ноҳияи Варзоб ва марди 26-сола, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд: «Муайян гардид, ки 21-уми июли соли 2016, номбурдаҳо бо зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда, аввалан барои муносибатҳои шаҳвонӣ ӯро ба манзили истиқоматиашон ба кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои маблағ бераҳмона ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ҷасадро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар ҷузъдон ва халтаи полиэтиленӣ гирифта, ба дарё мепартоянд».
Мақомот афзуд, ки ҳамин тариқ гумонбаршудагон, такроран даст ба ҷинояти махсусан вазнин зада, 27-уми июли соли 2016, тахминан соати 03:00 бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ, зани 23-сола, сокини шаҳри Душанберо ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои пул бо воситаи болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидаанд: “Номбурдагон барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамуда ҷасади занро бо корди хоҷагӣ ба қисмҳо ҷудо карда, ба ҷузвдони сиёҳ ва селофани полиэтиленӣ ҷой намуда, ба дарёи Душанбе партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд».
Баъдан маълум гардид, ки кушташудаҳо сабукпой буда, алайҳи муттаҳамон дар куштори онҳо бар асоси моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ