«Варзиш спорт» хабарнигорашро баъди бозии футбол якумрӣ аз даст дод!

   Исмоилҷон Юсупов, хабарнигори ҳафтаномаи “Варзиш-Спорт” дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 31 июл аз олам чашм пӯшидааст.

Ба гуфти ҳамкасбони Исмоилҷон мавсуф пас аз анҷоми бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Хуҷанд» — «Саройкамар» аз ҳуш рафтааст: «Ӯро мошини Ёрии таъҷилӣ ба беморхона бурд. Аммо фишораш паст нашуда, дар натиҷа то кати ҷарроҳӣ нарасида, мефавтад».

Мавриди зикр аст, ки  Исмоилҷон чанд рӯзи охир аз фишори баланд азият мекашидааст.

Бозии ҷавобии дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳузури 338 тамошобин дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *