483 кӯдак кушта шуд…

Аз ибтидои ҳамлаи Русия ба Украина 483 кӯдак кушта шуда, 989 кӯдаки дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Додситонии кулли Украина хабар дод.

Теъдоди бештари ин кӯдакон аз вилоятҳои Донетск, Харков ва Херсон будаанд.

«Ин рақамҳо ниҳоӣ нестанд. Барои муайян кардани теъдоди воқеии рақамҳо корҳо идома доранд»,- омадааст дар хабари додситонӣ.

Созмони Милал гузориш дод, ки аз 24-уми феврали соли 2022 то 8-уми майи соли 2023 дар Украина 8791 сокини осоишта кушта шуда, 14 815 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *