Коллеҷи тиббии Бохтар — муассисаи таълимӣ бо шароити муосири илмомӯзӣ

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” зиёда аз 50 сол аст, ки фаъолияти пурсамар дорад. Дар ин муддат муассисаи мавриди назарро даҳҳо ҳазор нафар хатм карда, дар сиҳатии сокинон нақш гузоштаанд.

Хоҳишмандон зиёданд

Феълан дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” наздики 3 ҳазору 240 донишҷӯ таҳсил доранд. Аз ин шумора беш аз 2 ҳазору 660 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Муассиса дорои 4 факултет буда, мутахассисонро бо 7 ихтисос омода мекунад. Ҳоло дар муассисаи мавриди назар ҳафт факултет мавҷуд аст:

  1. Факултети кори момодоягӣ бо тахассуси момодоя.
  2. Факултети корӣ умумитиббӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ.
  3. Факултети кори ҳамширагӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ.
  4. Факултаи кори табобати дандон, ёрдамчии духтури дандон.
  5. Факултети кори дандонсозӣ, ёрдамчии духтури техникии дандон.
  6. Факултети кори дорусозӣ бо тахассуси ёрдамчии фармасевт.
  7. Факултетҳои шабона бо ихтисосҳои кори ҳамширагӣ ва фармасевтӣ.

Ҳамчунин, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дорои 8 кафедра буда, мутахассисони варзида барои таълими донишҷӯён ба кор ҷалб шудаанд.

Беморхона ва хобгоҳ

Иброҳим Мусоев, директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфт, ки мувофиқи нақша дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар беморхонаи муосир бунёд мешавад. Ҳоло дар иншооти мавриди назар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Бино аз панҷошёна иборат буда, бо харҷи 7 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад. Бинои бунёдшаванда дорои 30 кат буда, дар ду соли оянда ба истифода дода мешавад. Дар таҳхона ва ошёнаи аввал маркази ташхис, дар ошёнаи дуюм ҷойи хоб барои беморон ташкил мешавад. Дар дигар ошёнаҳои бино синфхонаҳои таълимӣ барои хонандагон пешбинӣ карда шудааст.

Ӯ афзуд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” донишҷӯён аз ноҳияҳои дурдаст бо хобгоҳи дорои шароити хуб таъмин карда мешаванд. “Дар коллеҷ ду китобхона мавҷуд аст, ки яке электронӣ мебошад. Ҳамчунин қироатхона бо 65 ҷойи нишаст, ду лаборатория барои шуъбаи кори дандонсозӣ, майдончаи варзишии волейболу бастекбол дар ихтиёри донишҷӯён аст, ки берун аз дарс ба таври васеъ аз он истифода мекунанд”,- илова намуд мавсуф.

Мақсад — омодасозии мутахассис

Иброҳим Мусоев мегӯяд, ки “мақсади асосии мо омода кардани мутахассисони баландихтисос аст. Бо дарки баланди масъулият омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар ин сам талош доранд”.

Ӯ таъкид кард, ки ҷиҳати саривақт иҷро кардани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар коллеҷ нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст: “Баҳри дарёфти истеъдодҳои ҷавон пайваста миёни донишҷӯён корҳои гуногуни тарғиботӣ гузаронида шуда истодааст. Ба хотири иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳо нақша-чорабинӣ таҳия карда шудааст”.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” замони соҳибистиқлолии кишвар ба баланд бардоштани сифати таълим ва таъмини шароити муосири илмомӯзӣ таваҷҷуҳ бештар гардид. Ҳоло синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд.

Рамзи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 аст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *