5 медали тиллои варзишгарони тоҷик аз Тошканд

Дар чемпионати Осиё оид ба самбо дар Тошканд ҳудуди 500 нафар варзишгар аз 20 кишвари дунё ширкат варзидаанд, ки аз миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон 5 медали тилло ба даст оварданд.
Дар мусобиқаҳои калонсолон Акмалиддин Каримов (57 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (68 кг), Мубориз Мунавваров (74 кг), миёни наврасон Сомон Сангов (52 кг) ва Ҷаҳонгир Авазов (65 кг) соҳиби унвони чемпиони Осиё шуданд.
Умед Ҳасанбеков (90 кг) миёни калонсолон, Абдумаҷид Нуралиев (81 кг), Шарифҷон Назриев (87 кг) миёни наврасон, Суҳроб Исматов (57 кг) ва Абдулҳамид Муҳибов (100 кг) дар мусобиқа байни ҷавонон ба дарёфти медалҳои нуқра шарафёб гардиданд. Дар мусобиқаи самбои муҳорибавӣ Табрезшо Парпишоев (74 кг) ва Фаридун Одилов (90 кг) боз ду медали нуқра гирифтанд.
Ҷомии Ҳасан (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) миёни калонсолон; Давлатшоҳ Давлатов (56 кг), Фаррух Ҳалимов (60 кг), Диловар Холов (75 кг), Вайсиддин Соибов (87 кг) миёни наврасон; Муминҷон Холов (48 кг), Умедҷон Муҳиддинов (62 кг), Саидҷони Ҳайдар (68 кг), Субҳиддин Шамсиддинов (70 кг), Алӣ Шарифов (74 кг), Меҳрнӯши Иззатшо (82 кг) дар рақобатҳо байни ҷавонон, Азиза Азизова (80 кг) миёни духтарон; Фирдавс Фозилбеков (82 кг) дар самбои муҳорибавӣ медалҳои биринҷиро ба гардан овехтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *