Урта – Қайнари Ёвон Зафар ва Ғорбулоқаш Ғорчашма шуд

Ду деҳа дар ноҳияи  Ёвон табдили ном кард. Дар ин хусус аъзои Маҷлиси миллӣ  дар иҷлосияи ёздаҳуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон   пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба иваз намудани  номи баъзе  маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвони  вилояти Хатлон»  ҷонибдорӣ намуданд.  Ҳамин тариқ номи деҳаи Урта – Қайнар ба Зафар  ва деҳаи Ғорбулоқ ба Ғорчашма иваз карда шуданд. Ин деҳаҳо дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Норин ва Даҳанаи ноҳияи Ёвон  воқеъанд.

Ҳадафи ворид намудани номи ду деҳа дар Ёвон арҷгузорӣ ва худшиносии миллӣ, татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, гуфт зимни тавзеҳи масъалаи мазкур Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ. Мавсуф афзуд, ки ин тадбир дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешида шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *